БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАМАДИҚБОЛ ДАР ЗИНДАГӢ РОҲГУМЗАДАЮ АСОЛАТБОХТА АСТ

ВОКУНИШ. Ваҳдат, озодӣ, сулҳу истиқлолият  яке аз неъматҳои  беҳтарине мебошанд, ки халқу миллати тоҷик тӯли чандин солҳо бо талошҳои зиёд ба даст овардаанд, ки ҳоло чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ҳимоят мекунанд.    

Ҳарчанд душманони халқи тоҷик ба сулҳу дӯстии мо  солҳои зиёд зарару осеб расонида бошанд ҳам, вале миллати бонангу ори тоҷик руҳафтода нашуда, тавонистааст бо ҷони худ, ақлу хирад ва бо фарҳанги куҳанбунёдаш ваҳдату истиқлолияташро  нигоҳ дорад. 

Дишаб як тан роҳгумзадаи зиндагиро  дар филми мустанади омоданамудаи шабакаи Тоҷикистон дида аз наворҳои даҳшатовар дилхун гаштаам ва  сад бор шукронаи сулҳу суботи диёр, шукронаи сояи парвардигор, марди сулҳофару умедбахшу Пешвои азизам намудам. Бояд  қайд намоям, ки шарм ва нафрат дорам, ҳамчун як модари тоҷик, ки ҳамватани ман хоини миллати ман аст, хоини давлати тинҷу осудаам, хоини фарзандони мо, хуруфотпараст, Муҳамадиқболи Садриддин  қаллоб, дузди моли мардум, бешарм, бешараф, бевиҷдону беинсоф, роҳгумзадаи лаъин, ки аз ояту ҳадисҳои китобҳои муқаддаси Ислом  истифода карда,  мардумро фирефтаи доми худ кардааст ва  аз хуну пӯсти мардум хонаҳои боҳашамат сохта, ба манфиати худ истифода кардааст.

Бешарафию беномусӣ то ҳанӯз ҳама вуҷуди чунин афроди палидро гирифтааст, ки шарм надошта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик санги маломат зада,  туҳмату буҳтонҳо мекунад. Ҳамин гуна филми мустанад  саривақтӣ буд, моро боз ҳам ҳушёр сохт то, ки мо аз шахсони атрофи  худ ва аҳволи  ҳамсояҳои худ бохабар бошему дастҷамъона  нисбати чунин ашхоси бетарбия бетараф набошем.

Махсусан, дар вазъияти кунунӣ, ки гурӯҳҳои ифротгару хоини беватан мехоҳанд халалдори сулҳу суботи  мо гарданд, дар ин маврид  мо бояд ҳушёриро  аз даст надода,  аз як  гиребон  сар бароварда нагузорем, ки шахсони  ба Муҳаммадиқбол, Кабирӣ монанд бо гуфтаҳои нохалафонаи худ фикрҳои моро парешон намоянд, бояд дастҷамъона, оқилона зери  партаву  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳаракат намоем, чунки  мо  пайрави  Пешвои  созандакор ҳастем.

Ҳайдарзода Ҷонона,  директори  Боғи марказии шаҳри Бохтар ба номи Раҳмон Мӯрчаев  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg