ВОКУНИШ. Ман як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оинаи нилгун филми “Бешарафӣ”-ро тамошо карда, ба хулосае омадам, ростӣ намехостам доир ба ин мавзӯъ чизе нависам вале, дигар тоқат карда натавонистам.
Муҳаммадиқболи Садриддини 42-сола писари Қаландар Садруддинзода, яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ аст ва дар Аврупо паноҳанда шудааст. Вай пештар масъули сомонаи "Васатият" буд. Се соли ахир мудири сомонаи "Ислоҳ.нет" аст ва бештар дар бораи камбудиҳои сиёсатмадорони тоҷик ва пешрафту ободии меҳанро дида натавониста, ҳар гуна матлабҳои ғаразнокро нашр мекунад.
Агар ин филмро дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки фаъолияти хоини ватанфурӯш – Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун гардонандаи яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани роҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад. Албатта, ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд. Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хоси оқипадарон аст.
Умуман нисбати амалҳои қаллоби роҳбари сомонаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин соатҳои дароз суҳбат намоем кам аст. Чун ки ин хиёнаткор бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда, ватанфурӯшу хоин будани худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Инро бояд донист, ки ақли солим ва тафаккури пешрафта ҳамеша ғолиб хоҳад буд ва он қавонини асримиёнагии дастандаркорони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ дар ҷомеаи имрӯза амалӣ намегардад. Ҳаминро бояд донанд, ки бо ин филмҳои ҷангҷӯёнаю беасос ҳеҷ гоҳ ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро мо ҳамагон имрӯзро ба хотири оянда обод мекунем ва сарҷамъ будан зери ливои сулҳу дӯстӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳаки асосии ҳама муваффақиятҳост. Дар ин ҷода ба ҳамагон ҳисси баланди миллию давлатӣ таманно дорем ва умед бар он мебандем, ки мардуми шарифи мамлакат бо дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ барои ояндаи дурахшони мамлакат кӯшишу ғайрат менамоянду ба доми ин хоинони миллат ҳеҷ гоҳ намеафтанд.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ