КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коллеҷи санъат» вобаста ба ҷмъбаст намудани фаъолият дар соли 2020 маҷлиси умумӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ иштирок доштанд муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз Саймумин ва корманди масъули ҳизбӣ Таварзода Азиз.
Нахуст, мутобиқ ба тартиби рӯзномаи маҷлис котиби ташкилоти ибтидоӣ аз рафти фаъолияти ташкилот ҳисобот дод.
Дар рафти музокира Саймуминзода Фирӯз баромад намуда, қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи санъат” дар давраи фаъолияти соли 2020 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мавсуф таъкид намуд, ки минбаъд низ ташкилот фаъолияташро хубтару беҳтар ба роҳ монда, робитаро бо Кумитаи иҷроия зичтар намоянд.
Дар фарҷом иштирокдорон вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қанотбахш гирифтанд.