КӮЛОБ. Бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолият дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” маҷлиси умумӣ баргузор гардид.
Зимни маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” Шарипов Маҳмадулло иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар назди ҳозирин раиси ташкилоти ибтидоӣ Шарипов Маҳмадулло мутобиқ ба рӯзномаи маҷлис ҳисобот дод.
Баъд аз музокираҳо таклиф шуд, ки ҳисоботи роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯтстии халқҳо” дар давраи фаъолият дар соли 2020 қаноатбахш ҳисобида шавад.
Дар фарҷом ба як қатор хощишмандон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуда, ҳамин тариқ онҳо ба сафи ҳизб қабул гардиданд.