БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БОРБАД”

КӮЛОБ. Дар доираи ҷадвали тасдиқшуда дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор карда шуд.

Дар маҷлис кормандони масъули ҳизбӣ  Мунаввараи Бозоралӣ ва Шоева Дилноза, инчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Борбад” Зубайдова Ҷамила ҳузур доштанд.

Сараввал Зубайдова Ҷамила ба сухан баромада, аз натиҷаи кори ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ба ҳозирин ҳисоботи худро пешкаш намуд.

Ҳисоботи роҳбари ташкилот дар рафти музокира қаноатбахш ҳисобида шуд.

Дар баробари ин кормандони масъули ҳизбӣ баромад намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати саҳм доштан дар рушду нумуи мамлакат моро лозим то дар зери шиори ҲХДТ зичтар истода, дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg