БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Савдогарони беинсофро ҳам таррору террорист гуфтан мумкин аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Бозори НИХӢ » бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар ва Исоев Фаррух доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан  Қаҳҳоров Искандар қайд намуд, ки истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, айёр оварда шудааст. Аз ин рӯ баъзе савдогарони бозорҳоро ҳам, ки дар арафаи моҳи Рамазон ва иду ҷашнҳо ва ё бо назардошти дигар эҳтиёҷоти мардум қасдан ба таври сунъӣ нархи молу маҳсулотро боло мебардоранд, таррору террорист гуфтан мумкин аст.

Бинобарин, ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки боз ҳам ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири беҳбудии вазъи  тафаккури ҷавонони имрӯза, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, зич намоем. Таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдӯстӣ ва арзишҳои демократӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg