БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР МЕКУНЕМ...

«Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст...

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд, ба қадри соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 январи соли 2015

ВОКУНИШ. Тибқи маълумотҳои оморӣ имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 500 адад ташкилотҳои террористив экстремистӣ вуҷуд доранд, ки мақсади асосии ҳамаи онҳо як аст, ин ҳам бошад, ноором сохтани ҷомеи ҷаҳонист. Агар бо ибораи дигар гӯем, ҳамаи онҳо душманони инсоният мебошанд.

Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 фаъолияти ҳизби наҳзати ислом дар кишвар манъ карда шуда,  он ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон карда шуд. Пас аз ин роҳбарияти ин ҳизби ифротӣ ба домони хоҷагони хориҷиашон паноҳ бурда,  Тоҷикистонро тарк намуда, гӯё ватанашонро аз он ҷо ҳимоя мекунанд. Роҳбари наҳзатиён, хоини Кабирӣ ва мубалиғи асосии он Муҳаммадиқболи  Садриддин мебошад.

Боиси таассуф ва нигаронь аст, ки бархе аз ҳамватанони мо низ ба гапу суханҳои беасосу сафсатаҳои хоинони миллат, ки дар шабакаи умумиҷаҳонии интернет паҳн мекунанд бовар карда, фирефтаи онҳо мешаванд. Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаҳои интернетӣ нисбати сохти давлатдории мо ва роҳҳои пешгирифтаи Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои инкишофи ҳамаҷонибаи мамлакат фикру ақидаҳои ғараздори худро баён намуда истодааст. Хуб ба гуфтаи ӯ назар кунем чӣ хоҳем фаҳмид оилаи Тураҷонзодаҳо ва оилаи Кабириҳо киҳоянд ва ба мо чӣ овардаанд, чӣ гуна корҳоро ба манфиату миллати тоҷик анҷом додаанд. Солҳои ҷанги бародаркушро фаромӯш накунем. Ҷанги шаҳрвандӣ чӣ кулфату хунрезӣ ба мардуми осоишта овардааст. Чандин бародарони мо, фарзандони мо ҷони худро барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ нисор кардаанд. Онҳо бо роҳи фиреб аз номи дини Ислом баромад карда, аз нозукии иродаи мардуми осоишта истифода бурда, бо макру фиреб бо шиори “Барпо кардани давлати исломӣ”  ба  нест кардани олимон ва зиёиён даст заданд.

Айни замон Кабирии хоин мисли ҳашароти хазанда дар мамлакатҳои Аврупо пинҳон шуда, тариқи сомонаҳои интернетӣ худро роҳбари Паймони миллии тоҷикон эътироф карда, бо маърӯзаҳои пешакии хоҷагони беруна баромад намуда истодааст. Ӯ  мехоҳад, ки мо имрӯз ба найранги навбатии ӯ фирефта шавем. Хато мекунад. Мо дидем ӯ ва ҳаммаслаконаш, аз ҷумла Мулло Абдулло, Алӣ Бедакӣ, Мирзо Ҷага ва Ҳоҷӣ Ҳалим баъди бастани Созишномаи сулҳ ба чӣ корҳо даст задаанд, ки мардуми тоҷик онҳоро фаромӯш нахоҳад кард. Боварӣ дорам, ки мардум ба рафтори ғаризонаи кабириҳо эътибор намедиҳанд, зеро ӯ торафт сиру кирдорҳои ҷиноии худро ошкор намуда истодааст.

Дар интиҳо мехоҳам, ки ба кулли ҳамватанон, аз ҷумла ба ҷавонони саодатманди тоҷик муроҷиат намуда, иброз дорам, ки ба гуфтаҳои дурӯғини ин палидони нобакор ҳеҷ гоҳ бовар накунанд. Зеро Кабириву хоҷагонашу шогирдонашон ҳеҷ вақт дар фикри ободӣ, сулҳу субот, рушду пешрафти Ватани азизамон набуданд, нестанд ва нахоҳанд буд.

Ишмуродов Ҳакимҷон,  мудири шуъбаи таълиғот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg