БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ЧИ КИШТӢ, ҲАМОН ДАРАВӢ

ВОКУНИШ. Тамошои филми мустанади “Хиёнат” -қисми 7  ҳар нафари ҳуқуқ ба фаъолият доштаро водор ба он менамояд, то бетарафиро пеша накарда, андешаи хешро вобаста ба бешарафии хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин баён намояд.

Аввалан тарбия - ин маҳсули дидан, шунидан ва омӯхтан аст. Чуноне ки аз тамошои филм ошкор гашт, Муҳаммадиқболи Садриддин аз хурдӣ дар муҳити носолим ба воя расидааст. Ҳатто волидонаш монеаи ба мактаби таҳсилоти умумӣ рафтанаш шуда, барои гирифтани таълими ғайрирасмӣ ҳидоят менамудаанд.

Яке аз рукнҳои мусулмонӣ -ин фарқи ҳаром аз ҳалол мебошад. Бахусус он моле, ки бо заҳмату талоши зиёд ҷамъ овардаву баҳри беҳдошти шароити зиндагии мусоиди оянда пешбинӣ шудааст.

Аз ҷониби нафаре бо истифода аз ниқоби ислом рабудашуда баргардонида намешавад, баробар ба ҳамон моли ҳаром аст. Бо забони бузургон:

Ғорат кунию моли мусалмон бубарӣ.

Кофир бошам, агар мусалмон бошӣ.

Падари Муҳаммадиқбол Қаландари Садриддин  ҷав корида гандум даравиданӣ буд, вале ҳар чи корӣ, ҳамон даравӣ. Ва ё бо ибораи педагоги машҳур А. С. Макаренко “Тарбияи дурусти кӯдакон пирии хушбахтонаи мо ва тарбияи бади онҳо ғаму андуҳи ояндаи мо аст”.

Раҷабзода  Маҳмадсаид, раиси КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи Темурмалик

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg