БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮҲИ ШИКАСТА ДИГАР ТАБОБАТ НАДОРАД!

ВОКУНИШ. Бадгӯию эрод як ҷузъи доимии фаъолияти гурӯҳҳои аз долонҳои сиёсати Тоҷикистон рондашудаи муқимӣ дар Аврупо гардида, онҳо ба ягон муқаддасоти миллию инсонӣ арҷ намегузоранд ва пайваста дар талоши баргаштан ба арсаи сиёсат бо кирдорҳои ғайриинсонию ғайриқонунӣ доираи фаъолиятҳои сиёсии ғайриқонунии худро васеъ кардан мехоҳанд. Мусаллам аст, ки ҳангоми эрод ба фаъолияти як сохтор ва дар маҷмӯъ давлат бояд таҳлилгар аз ҷиҳати инсонию сиёсӣ ҳамаҷониба такмилёфта бошад. Ё худ намунае бошад, ки кору амалаш ба дилу нияташ яксон. Вале, мутаассифона ҳолати воқеии масъала собит месозад, ки тарафдорону ҳаводорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар ҷомеа худ мақому манзалати созандае надоштанд ва имрӯз ҳам ба тақдир тан надода бо роҳи ташвиқи ғояҳои ифротӣ ҳамеша дунболи ноамн сохтани фазои орому осудаи кишвари мо пайти муносиб меҷӯянд. Ё ин ки зиндагиномаи ин тоифа инсонҳо аз аввал ихтиёр аз роҳи хатто буд ва як кулвори хушку холӣ имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ мекӯшанд назди аҳли ҷомеаю башар ҳамчун «сиёсатмадори варзидаю ранҷидахотири сиёсӣ» аз худ дарак диҳанд.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аксари насли ҷавон ба истифодаи он дастрасӣ доранд, ҳавои серабри борониро мемонад, ҳар кас вобаста ба фаҳму мавқеи сиёсии худ назару андешаҳои худро пост мекунад. Ин ҷо танҳо донишҳои сиёсии амиқ, андешаи солиму мавқеи солими сиёсӣ хонандаро водор месозад, ки барои худ аз истифодаи интернет маълумотҳои лозимиро дастрас ва истифода намояд.

Бешак шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё истифодаи интернет  бо назардошти дастак намудани озодии баёну матбуот имрӯзҳо майдони муборизаю назаргузориҳои гурӯҳҳои манфиатноку ғаразнок, бахусус «ҷабрдидагони сиёсии наҳзатӣ» гардида, ба қавле аз долонҳои кишварҳои аврупоӣ  бо таҳлилҳои сарсарию муғризона «майдондорӣ» мекунанд. Вале маълум аст, ки назари онҳо ба сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, билохира ба мавқеи сиёсии тамоми мардуми Тоҷикистон мусбию яксон нест.

Намоиши силсилафилми «Хиёнат», ки тавассути Шабакаи телевизиони Тоҷикистон шоми гузашта пешкаши тамошобинон гардонида шуд, бори дигар баёнгари он аст, ки зиндагиномаи мухолифони сарсахти давлат, бахусус муншии матбуотии ташкилоти ифротии собиқ ҳизби наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин пур аз саҳнаҳои фаҳшу ифрот, макру дурӯғ ва танфурӯшию бадгӯист. Ин ҷо дар зеҳн афкоре мечархад, ки шахсе тану нафсу нафисаи худро ба кадом як афғони қумондонсолор бо номи Ғуломсоҳиб (мулаққаби тобех) бахшидаю аз аввал тарбияи хонаводагияш дар рӯҳияи хурофоту иртиҷогароӣ болиғ шудааст, чӣ тавр бори масъулияти давлатдорию давлатсозиро таҳлил мекарда бошад. Ё ҷойи дигар,  маблағҳои ҳангуфти шаҳрвандон Холов Имомқул, Кабутов Неъматулло, Қаюмов Носиҳиддин ва дигаронро бо роҳи макру тақаллуб ба даст овардаю аз ҳисоби онҳо ба ақидае «кайфу сафо» карда гаштан, магар ин амал мусулмонии ӯро зери шубҳа намеорад?  Мусаллам аст, ки рӯҳи шикаста дигар табобат надорад. Шахсе, ки шаҳди озори ҷинсиро аз ҳамтоёни афғонаш ба маротиб чашидаю як ҷузъи тарбияи «маънавияш» гардидааст, ба ҳеҷ ваҷҳ дигар аз ин роҳи хато баргаштанӣ нест. Ё шояд кишварҳои аврупоиро, ки ҳамҷинсгароӣ ҳамчун як рукни фарҳангии ин мардум гардидааст, ба ҳамин хотир ҷойи буду бош қарор додааст! Ё доиман бо «падари маънавиаш» Муҳиддин Кабирӣ ягон муносибати маҳрамона дорад, ки вақте бо ӯ суҳбатҳои видеоию рӯёрӯӣ мекунад дилаш об мешавад. Воқеан, вақте кас аз зиндагиномаи ин асолатбохта огоҳ мешавад дар зеҳн гумону андешаҳои зиёде дунболагари инсонҳо мегардад.

Умуман аз тамошои филм асрори зиёди зиндагиномаи Муҳаммадиқболи Садриддин барои бинанда ошкор ва воқеияти рӯйдодҳои фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ собит мегардад, ки ҳар як инсони рӯшанфикру дурандешро ба фикр кардан водор месозад. Барои мард ин бешарафист, ки либоси зану амали занро дар худ таҳаммул мекунад.

Дар воқеъ ҳақиқат бисёр талх аст, вале як рӯз ҳатман исбот мешавад. Баъди ҳақиқати талхи таърихӣ ин асолатбохта дар муҳити пур аз ифроту ғаразҳои наҳзатӣ худро чӣ тавр идора мекарда бошад? Ё ҳамсангарҳояш, ки бо ӯ «аз як ҷумак» об менӯшанд, назару дидгоҳҳои онҳо тағийр мехурда бошад ё на!

Ба ҳар ҳол вақт довари ҳақиқат ҳаст ва мо дер ё зуд аз муносибатҳои дигари маҳрамонаю касифонаи ин махлуқи одамбашара огоҳ хоҳем шуд.

Т. Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg