БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА АМАЛҲОИ НЕКУ СОЗАНДА РОҲНАМОӢ ГАРДИДАНД

КӮШОНИЁН. Бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии   ҳизбии  “Кӯшониён”  маҷлиси ташкилоти ибтидоии мазкур доир гардид.

Маҳмудов Фарҳод раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  дар соли 2020 ҳисобод дод.

Инчунин, дар маҷлис кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  оид ба саҳми аъзои ҲХДТ  дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ сухаронӣ намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро дар соли сипаришуда  хуб ҳисобиданд.

Дар охир иштирокдорон аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ барои  боз ҳам пурзӯр кардани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, иштирок дар озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфкори барқ”  ва сазовор таҷлил кардани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ раҳнамоӣ гардиданд.         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg