БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМИ “ХИЁНАТ” НИҚОБИ АСЛИИ ИҚБОЛИ БЕИҚБОЛРО ОШКОР СОХТ

ВОКУНИШ. Воқеан ҳам баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ  бо номи “Хиёнат-қисми 7”, ки тариқи  шабакаи телевизиони  Тоҷикистон  пахш  гардид, хоҳ нохоҳ ҳар  бинандаи  филми  мазкурро  ба  андеша кардан водор месозад. Дар филми пахшгардида  он ҳама баромадҳои пайи ҳами Муҳаммадиқболи Садриддин, ки саропо иғвою дассисаҳост ба замин зада, парда аз чеҳраи аслии ин хоини бешарафу беномус бардошта шуд.

Дар  замони соҳибистиқлолии давлатамон аз ҷониби  ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ, ки мақсади асосиашон мансабталошиву ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар,  ихтилофу зиддиятҳо миёни  ҷомеа барангехтан мебошад, ба афзудан ва густариши терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои  номатлубу  хатарафзо  оварда  расонидааст. Нақши асосиро дар ин моҷароҳо собиқ  раиси  ТТЭ  ҲНИ, ҳозира  роҳбари бо номи Паймони миллӣ Муҳиддин  Кабирӣ бозида, тӯли фаъолияти разилонааш баҳри расидан ба ҳадафҳои  нопокаш, на танҳо  ба миллату давлат, балки  ба хешу пайвандон  ва  наздиконаш  хиёнат  кардаву  обрӯ  ва  ҷони  онҳоро дар хатар мондааст.

Ман шахсан аз  ҷараёни филм огоҳ гардидам, ки дар асл чунин палидон будаанд. Боварӣ дорам, ки ин бешарафон бо ин амалҳояшон ба мақсадҳои ғаразнокашон намерасанд. Дар урфият мегӯянд “Бори каҷ ба манзил намерасад...”. Бешарафи беномус, куҷо аз минбари баланд, "худам шоҳу табъам вазир" гӯён худро қозӣ шумурда, аз аҳодису суннату номи поки Ислом сухан мегуӣ, чунин гуфтаанд:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванду кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис боз пурс,

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд.

Маҳз ту баринҳо, ки худро байни мардум бо телефони мобилӣ ҳукм бароварда ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ  қозӣ мегиранд, ба фиребу найранг даст зада,  гӯё адолатро ҷорӣ мекарда бошанд. Бунёди ту аз беадолатӣ сар шудааст. Дар зиндагият адолат, ростӣ ва покӣ дида намешавад. Иқболи хоин бидон, ки ба ту барин палидони мазҳабфурӯш ва беномус, бузургон гуфтаанд, ки:

                            Ҳазорсола роҳест аз ту то мусулмонӣ,

                            Ҳазор соли дигар ба ҳадди инсонӣ.

Охир Иқболи беиқбол дирӯз зиндагиятро аз кудакият то ба имрӯз дидем ва одамоне, ки шоҳиди ҳол буданд дар бораат иловагӣ маълумот доданд ва ҳозир ҳам дида истодаем, ки ба чи корҳо машғулӣ. Хоини бешарафи беномус фикр накун, ки дар чашми мардум хок пошида, бо фитнаҳо ва суханҳои муаммодору иғвоангезат ҳамаро фиреб медиҳӣ. Ман худ шояд боре ин чеҳраи манфурро аз наздик дида бошам, дар ёдам хуб нест. Аммо падарашро хуб мешиносам, чандин маротиба дидаам, ҳатто хонае, ки дар маҳаллаи Маданият доранд як замон мағозае дар он ҷо кушода буданд, ман бисёр рафта будам. Ҳолу аҳвол ва тарбияи фарзандони ин ба ном мулло Қаландарро дида ҳайрон мешудам. Ман кӯдакии ин Иқболи палиди бешарафро надидаам аммо он фарзандоне, мулло Қаландар аз зани думюмаш дошт дида шеъре ба ёдам омад:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Вале бо боварии комил  метавон гуфт , ки тамоми кӯшишҳои  ин наҳзатиҳои бешараф барбод  рафта,  мо ҷавонони саодатманди диёр ва мардуми  оқилу сулҳпарвари  Тоҷикистон  бо бардоштани донишҳои замонавӣ,  азму иродаи созандагиву бунёдкорӣ,  ватандӯстдориву меҳанпарастӣ ва  зиракии сиёсии худ ҳеҷгоҳ намегузорем,  ки  нохалафе ба ин сарзамини аҷдодии мо бори дигар бо чашми бад нигарад.

Асроров Саидшо, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg