ВОКУНИШ. Дар раванди давлатсозӣ набояд аз сари ҷаҳолату худпарастӣ ва манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ амал кард. Зеро дар бунёди ҷомеаи мардумсолору мутамаддин танҳо андешаи дур, афкори сиёсии наздик ба манфиати миллату давлат, ватандӯстию миллатдӯстӣ нақши калидӣ дорад. Ин ҷо ҳама вақт назарҳои аксарият дар муқобили ақалият бояд дар мадди назар гирифта шавад.
Ҷомеаи мардумсолорӣ ва демократии воқеӣ дар сурате муваффақ ва кишварро пешрафта месозад, ки дидгоҳи аксарият ба таҳаввулоти дохилӣ ва андешаи давлатсозӣ дар масири таҳлили воқеии вазъи ҷомеаи ҷаҳон аз сари садоқат ба миллату давлат, таъриху фарҳанги гузаштаи миллат дар умқи дили ҳар як сокини мамлакат мавзӯи калидӣ бошад.
Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозори гапфурӯшӣ ба авҷи аълои худ расида, ба қавле ҳамаро «сиёсатмадору сиёсатдон» кардааст. Тасаввур кунед, ки аз пушти мизи мактабӣ ҷавони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз бетаҷрибагию надонистани урфу одати сокинони давлати дуввум ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаю мушкили шахсии худро сари сиёсати давлат таҳрик медиҳад. Ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ тобеи афкори ғаразноки гурӯҳҳои бадхоҳ гардида, аз онҳо «сиёсат» омӯхта, бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо барномаҳои бемантиқу сар то по ғаразнок нисбати сиёсати давлати худ баромад мекунад ва се-чор гулу гумроҳи дигар аз чунин суҳбатҳо «лаҳзат» бурда, мусоҳибро «ҳайбале» мегӯянд. Ҳол он ки пеш аз оғози ҳар як мусоҳиба бояд шахсият андеша кунад, ки нақши ӯ дар рушду пешрафти давлат чист! Оё кор ё амалеро анҷом додааст, ки ба нафъи давлату миллат бошад! Ҳомии сиёсии чунин афрод боиси пайдоиши низоъ, якдигарбадбинӣ ва шӯру шарр дар ҷомеа мегардад, ки аз назари ақли солим чунин муносибату суханронӣ аз ҷониби аксарияти сокинони мамлакат қабул нахоҳад буд.
Ё рӯи рост ба инқилоб даъват намудани мардум, навишти ибораҳои камсаводонаю бесаводона дар шабакаҳои иҷтимоӣ бори дигар аз паст будани донишҳои сиёсии бархе аз ҷавонони мо дарак дода, боиси нигаронии аксари сокинони мамлакат хоҳад буд. Зеро насле, ки як маротиба ҷанги шаҳрвандиро бо чашми худ дидаю дар ноамниҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ талафоти молию ҷонӣ додааст, ба ҳеҷ ваҷҳ баргаштан ба аробаи кӯҳнаю корношоями гурӯҳҳои бадхоҳро таҳаммул надорад. Дигар касе ҳавасманд нест, ки зери шиори манфиатхоҳонаи «инқилоб», ки амалан хуни ноҳақ хоҳад рехт, сар ба майдонҳо занад.
Ба ибораи дигар дар бобати пиёдасозии мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳеҷ кас тарафдори беҳуда рехтани хуни ноҳақ нест. Гарчанде ки тарафдорон ва ҳаводорони сарсахти наҳзатӣ дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ доранд ва барои онҳо мансабу давлат аз рехтани хуни садҳо ҳазор ҳамватан болост, вале бояд мо насли ҷавон дар ин масир ҳушёрию зиракии сиёсиро маҳаки асосии фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем. Зеро тани ранҷури миллат то ба ҳол аз зарбаҳои пайдарҳами наҳзатгароён шифои комил наёфта, ин гурӯҳи асолатбохта ба таври такрор дар фикри ба хоку хун оғушта намудани диёри биҳиштии мо гардидаанд.
Ибрози андешаи онҳо пур аз ифроту бадбинист. Онҳо гоҳе аз сатру ҳиҷоб «сиёсат» месозанду гоҳе аз ришу шахсиятҳои мисли худашон ақидаҳои носолимдошта «сиёсатмадор».
Воқеан дар ҳама гуна ҷомеа мушкилот вуҷуд дорад ва ҳалли мушкилотро танҳо бо роҳи мусолиҳатомез ва вобаста ба имкониятҳои мавҷуда метавон бартараф сохт. Аз мушкилот ҳангома сохтану онро яктарафа баҳогузорӣ намудан ин нишонаи ҷавонмардӣ нест. Ва бояд ба иродаи сиёсии мардум, ки тавассути қонунгузорӣ дар ҷомеа амалӣ мегардад, эҳтиром гузошт.
Имрӯз кишвари Тоҷикистон хушбахтона орому осуда ва ҳар як ҳамватан аз оромию осудагии кишвар шукргузор аст. Барои мардуми бумӣ аз ҳама муҳим сулҳу ваҳдат ва оромию осоиштагист, ки дар фазои якдигарфаҳмии комили сиёсӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Бинобар ин моро зарур аст, ки ба оянда бо дарки масъулият аз даричаи андешаи солим назар намуда, бобати ҳифозати сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони азиз аз сари масъулият кору фаъолият намоем. Зеро ин Ватанро танҳо сокинони сарбаланди он метавонанд пешрафтаву шукуфон гардонанд. Мусаллам аст, ки нотавонбинони миллат аз ҳар як пешрафту тараққиёти кишвари мо хуфту хобро фаромӯш сохтаанд. Танҳо якдигарфаҳмию ҳисси баланди масъулият дар иҷрои уҳдадориҳои давлатию ҷамъиятӣ мову кишварамонро аз ин занбурӯғҳои заҳрноки аврупоӣ халос мекунад. Сарҷамъии мо атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар умри ин асолатбохтаҳоро кӯтоҳ ва сиёсату қалбашонро мешиканад. Мо муваззафем, ки ба ҳамлаи равонии мухолифини сарсахт бо амали воқеӣ ва дастгирию сарҷамъӣ атрофи сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша муттаҳидона кору амал намоем. Зеро муттаҳидии мо умри хоинону бадхоҳони миллату давлатро ба якборагӣ кӯтоҳ ва чеҳраашонро зарду хира месозад.
Неъматов Абдулҷаббор, сокини ноҳияи Ш. Шоҳин