ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи байторӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз маҷлиси ҷамъбастии солона ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2021 доир гардида, дар он натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо дар соли 2021, афзоиш додани сафи ҲХДТ аз ҳисоби шахсони босалоҳият ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020, саҳми аъзои ташкилот дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои парлумонӣ, Маҷлисҳои вакилони халқ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро дар соли сипаришуда хуб арзёбӣ карданд.
Дар оихр моҳияти озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ” ба дарки иштирокдорон расонида шуда, онҳо барои ғолибиятро ба даст овардан дар озмуни мазкур даъват карда шуданд.