ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо дастгирии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қумасангир” Аксияи ниҳолшинонӣ дар шафати шоҳроҳ ҷараён гирифт, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон иштирок намуд.
Дар рафти маъракаи ниҳолшинонӣ Зайдуллоев Муҳамадҷон ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаи диёр ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми иштирокдорон расонид.
Бояд қайд кард, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ идома дорад.