ҶАЙҲУН. Дирӯз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятӣ давлатии ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бениқоб набош” ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Обшорони Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ гардиш доир гардид.
Зимни суҳбат масъулин доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ ва суст кардани паҳншавии вируси COVID-19, ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба ин беморӣ доштан аст. Инчунин, таъкид карда шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣӣ ва серодам бе ниқоб набошанд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур масъулин ба сокинон доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирс ниқобҳои тиббӣ ва ҷиҳати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ бошад, Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсимот намуданд.