Ш.ШОҲИН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо кормандони хоҷагии чангали Даштиҷум вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Назарзода Толибҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Неъматов Абдуҷаббор ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ Ҳошимов Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Назарзода Толибҷон оид ба татбиқи Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии шаҳрвандон аз пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, муқовимат бар зидди коррупсия, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузаштани шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта андешаронӣ намуд. Дигар баромадкунандагон низ оид ба масъалаҳои номбурда ибрози андеша карданд.
Дар қисмати интиҳои вохӯрӣ якчанд нафар сокинони деҳа ба намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои аъзошавӣ ва муттаҳид шудан дар ташкилоти ибтидоӣ ариза пешниҳод карданд.