ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Лӯбиёкори ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров, бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо сокинон вохӯрӣ баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳу Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ байни занону бонувон ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро баррасӣ гашта, дар деҳаи номбурда ташкилоти ибтидоии ҳизбии бо номи «Лӯбиёкор» таъсис дода шуда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсис аз ҳисоби шахси арзандаи деҳа интихоб карда шуд.