ДАНҒАРА. Дирӯз аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар Коллеҷи техникӣ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.
Зимни хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад баромад намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла самаранок истифодабарии қувваи барқ дар ташкилоту муассисаҳо, ба роҳ мондани кишти баҳорӣ дар заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тарзи дурусти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ суҳбату андешаронӣ намуд.
Дар охир мавсуф вобаста ба шартҳои озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ” сухан гуфта, ҷамъомадагонро барои ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст овардан раҳнамоӣ кард.