БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН, БО КАФИ ДАСТОН ТУРО ОБОД ХОҲЕМ КАРД!

ВОСЕЪ. Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва саҳм гузоштан дар ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб  дирӯз дар майдони Парчами Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ бо иштироки коллективи меҳнатӣ, аъзои фаъоли ҳизбӣ, сокинони меҳнатдӯст, вакилони мардумӣ, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат корҳои ободонӣ баргузор гардид.

Зимнан иштирокдорони ин чорабинӣ заминҳои майдони мазкурро нарм намуда, аз партовҳо тоза карданд. Ногуфта намонад, ки дар чорабинии мазкур наздики 900 нафар иштирок намуда, саҳми худро дар ободии як гӯшаи диёр гузоштанд.

Ҳамзамон, сокинон иброз намуданд, ки минбаъд низ чунини шанбегиҳоро бештар ташкил намуда,  саҳми худро барои гулгулшукуфоии кишвари азиз мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg