ВАХШ. Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази тибби Сино" маҷлиси умумии ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти солонаи фаъолияти ташкилот барои соли 2020 гузаронида шуд.
Дар он раиси ташкилот, масъулини ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ташкилот иштирок доштанд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисоботи солонаи фаъолияти ташкилотро ироа намуд ва нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 пешниҳод ва баррасӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар маҷлис масъулини ҳизбӣ оиди масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили сарфакорона истифода намудани қувваи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус ибрози ақида намуданд.