БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОН ДАРМОНБАХШИ ҶОНУ ТАНИ МИЛЛАТАНД

ВАХШ. Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бемориҳои пӯст” маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроия Исмоил Ҷалилов ва мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроия Худойдод Ёров баргузор гардид.

Зимни баргузории маҷлис, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ барои фаъолияти кории соли 2020 шунида шуда, вазифаҳо барои соли 2021 муайян гардиданд.

Сипас, Худойдод Ёров ба сухан баромада, зимни суханронии худ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ натиҷагирӣ намуда, дар атрофи ҷалби фаъолон ба сафи ҲХДТ, истифодаи сарфакоронаю оқилонаи қувваи барқ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ва мақсаду маром ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg