Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
АНДЕША. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Ин аст, ки шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «фурӯғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.
Таърихи пайдоиши китоб ба хат, забон ва санъат марбут аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтироъи қоғаз назми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид. Акнун ба ҷои сангу чӯб аз қоғаз васеъ истифода мебаранд. Китоб асосан навиштаҷоти варақҳои ҷилдшуда, воситаи интизоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, идея, образ ва дошинҳо мебошад. Аввалин дастнависҳо, ки дар Мисри қадим пайдо шудаанд, ба таърихи ҳазораи то мелод марбутанд. Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Китоби муқаддаси «Авесто» низ аввал дар пӯсти гов навишта шудааст. Дар асрҳои миёна дар Осиё санъати хаттотӣ хеле инкишоф ёфтааст. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Ибни Сино, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштаанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чӯбҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои муътабари ҷаҳонанд.
Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеъри мутафаккири барҷаста Абдураҳмони Ҷомӣ хеле васеъ истифода ёфтааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкардаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Аз таҳлили мавзӯъ чунин бар меояд, ки дар ягон давру замон бе китоб-ғизои маънавӣ, зиндагии рангинро тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бе китоб-рӯзи бе офтоб» аст. Хушбахтона ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеъи шоиста дорад. Ҳамарӯза аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
Рустамбекова Малоҳат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияит Вахш