БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ВАХШ. Маҷлиси  ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” бо мақсади ҷамъбаст намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ва муайян намудани самти фаъолият дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020, таҳлили фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар самти пешбурди корҳои таблиғотӣ ва асдиқи нақшаи корӣ барои соли 2021баррасӣ гардиданд.

Сипас,  ҳисоботи  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МНДСЭ” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2020 шунида шуда,  аз рӯи рӯзномаи маҷлис нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.

Инчунин, аз ҳар як аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва сарфаи оқилонаи неруи барқ миёни омма корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ғояҳои созандаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ тамоми саъю кӯшиши худро равона созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg