Н.ХУСРАВ. Бо мақсади густариши корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон ва дар ростои татбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси бевоситаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Ализода Сураё ва дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-и ташкилоти ибтидоии шаҳраки Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯза соҳибкори мувфаақ Хуҷаназаров Ҷуманазар корҳои созандагию ободкориро роҳандозӣ намуда, роҳи маҳаллаи Давлатоботро ба масофаи зиёда аз 600 метр сангфарш намуданд.
Дар рафти иҷрои корҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ализода Сураё иштирок намуда, сокинонро барои саҳм гузоштанашон дар корҳои созандагиву ободонӣ ва дастгирии сиёсати созандаю бунёдгаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарғиби созанда сафарбар намудани неруи халқ ва амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” суханронӣ карда, аз иштирокдорон барои саҳмгузорӣ дар ин иқдоми нек изҳори миннатдорӣ баён кард.