БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД!

ТЕМУРМАЛИК. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 - и Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик дар  ҳайати раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  Раҷабзода Маҳмадсаид, бо хонандагони синфҳои болоӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ  қайд карда шуд, ки ҳадафҳои стретегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Инчунин, дар идомаи суҳбат дар мавзӯи Оиннома ва Барномаи  ТҶҶ «Созандагони Ватан» пешгирии  бемории сироятии коронавирус  ва  роҳҳои пешгирии он суханронӣ карда шуда,  қайд гардид, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ моро зарур аст, ки пайваста аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода намоем ва фосилаи иҷтимоиро риоя намуда, аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg