БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН СОЛИ СИПАРИШУДАРО БО НАТИҶАҲОИ ХУБ ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

ТЕМУРМАЛИК.  Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷамъбастӣ - ҳисоботӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт ва Ҷамоати шаҳраки Совет дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Боғчаи №2”, “Давлатшоён”, “Сафарбоён”,  “Чавроқ”, “Савда”, “Маҳаллаи №9”, “Маҳаллаи №10”, “Барқчиён”, “Амонатбонк”, “Почта” ва ташкилоти ибтидоии “Андоз” маҷлисҳои ҷамъбастӣ - ҳисоботӣ баргузор шуд, ки дар он ҳисоботҳои раисони ташкилотҳои ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар баробари баррасии ҳисоботҳои раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, инчунин самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, эмин нигоҳ доштани худ ва дигарон аз сироятёбии бемории (COVID -19) ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз машварати корӣ бо аъзои Ҳукумати кишвар ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, Муроҷиатномаи Ширкати “Барқи тоҷик” - ро риоя намудан бармеояд,  ёдрас карда шуд.

Дар охир аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ  ҳисоботҳои ташкилотҳои ибтидоии болозикр  қаноатбахш ҳисобида шуда, шахсони муттасадии ташкилотҳои ибтидоӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани  корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дастуру маслиҳатҳои судманд пешниҳод гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg