БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ПАНҶ. Бо ташабуси масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Навобод " маҷлиси ҷамбастӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроия баргузор гардид.

Раиси  ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи ҷамъбастии ташкилотро ироа намуда, нақшаи корӣ барои нимсолаи аввали соли 2021-ро  тасдиқ кард. Намояндагони ҳизби дар навбати худ  оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ ба манфиати ҳамаи мо мебошад. Инчунин, дар суҳбат дар бораи ҳаракати аъзои ҳизб ҳарф зада, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оид ба  ҳаракати аъзои ҳизб  ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шаванд. Дар охири маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ  хуб арзёбӣ гардида, шартҳои озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ!” ба таври возеҳ фаҳмонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg