БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕВАТАН ДАР РӮИ САД ДУНЁ НАЁБАД САРПАНОҲ

ВОКУНИШ. Таҷрибаи башарӣӣ собит месозад, ки  ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату  давлат бе ба даст овардани ваҳдати миллӣ, якдигарфаҳмӣ, меҳр ба Ватану   сарзамини худ номумкин аст.

Миллати тоҷик аз қадимулайём таҳти шиканҷаи аҷнабиён борҳо қарор гирифта буд. Лекин фарҳанги волои миллат, таҳти сарварии фарзандони содиқи Ватан  тавонист, ки худро ҳамчун миллати соҳибватан  то имрӯз нигоҳ  дорад.

Донистану омӯхтани рукнҳои Ваҳдати миллӣ  барои насли имрӯзу фардои Ватан  бояд  муқаддасу ҷовидонӣ бошад. Хушбахтии ин миллату ин сарзамини биҳиштосо буд, ки бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон содиқии худро ба  савгандҳои  хӯрдааш  дар назди халқу миллаташ исбот ва собит намуд.

Тоҷикистонро имрӯз  мамолики дунё чун давлати воҳиду ягона, соҳибватан, дорои фарҳанги қадиму воло мешиносанд.

Дар тӯли садсолаҳои  зиёди таърихии пурфоҷеаи тоҷикон, аввалин бор таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Ватан ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон табдил ёфт.

Лекин, ошуфта шудани собиқ раиси ҲНИ М.Кабирӣ, беватанӣ, дур аз хешу табор бозичаи дасти хориҷиён гаштанаш  ӯ гоҳ- гоҳ овози худро аз хориҷи кишвар бароварда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ қисме аз муҳоҷирони ҳамватанро думболи худ мекашад.

Кабирӣ хуб медонад, ки гуноҳаш  дар назди миллат хеле ва хеле вазнин  аст, бинобар ин талошҳояш баҳри сафед кардани зертобеъони маҳкумгаштааш тавассути ташкилотҳои байналмилал ва маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш ӯро маҷбур месозад, ки дар  байни баҳри беканор дасту почак занад, то ки ғарқ нашуда ба хушкӣ  бирасад.

Мардуми Тоҷикистон бо идеологияи собиқ ҲНИ хуб ошно гашт ва пайомадҳои ӯро дид. Маълум гашт, ки он идеология ба  халқ ҳеҷ чиз дода наметавонад.

Оё нақши донишҳои динӣ аз донишҳои илмӣ болотар аст? Чаро Кабирӣ бо  собиқ ҳизби худ бар зидди равияҳои динӣ, ки  хилофи мазҳаби  мо аст, оҷиз монданд?

Аз аввали таъсиси ин ҳизб то имрӯз дастпарварони собиқ  ҲНИ бештар ба дигар  мазҳабҳои тундрав гаравиданд. Аксари онҳо имрӯз дар ҷангҳои кишварҳои араб меҷанганд ва роҳгум гаштаанд.

Аз номи Худо сӯистифода ҳақиқатро бо наҳвҳои дигар пиндоштан,  бегонапарастии динӣ ва сиёсӣ магар шараф аст, ки Кабириҳо бар муқобили халқу миллати  худ онро раво медонанд.

Имрӯз  манбаҳои исломӣ ба ҳама  дастрасанд. Муқаддастарини он ки Қуръони шариф  аст,  ба ҳама забонҳо онро метавон  мутолеа кард.

Мо набояд бо рафтори  бади  худ ба  Ислому  Қуръон доғи  бад орем.

Чӣ хеле, ки сарчашмаҳои илмӣ исбот намудааст, дини Ислом ба ягон ҳизбу  қонун, низомномаву оиннома ва фатфоҳои беасоси шахсони алоҳида  ниёз надорад. Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳобҳо ва ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар  он давлатҳо фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд. Шаҳрҳо хароб гашта, одамони бегуноҳ  мефавтанд. Мардуми мо дар ҳақиқат хоксор ва зудбовар ҳаст, чӣ хеле, ки дар давраи  фаъолият доштани ҲНИ ба хотири ҳизби исломӣ будани «гунаҳкор» нашавем гуфта, ин ҳизби худобехабарро қисме аз одамон дастгириву  пуштибонӣ мекарданд. Намедонистанд, ки роҳбарияти ин ҳизб ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсии худ аз номи поки дини Ислом пайваста истифода   мебурданд.

Ҳоло ҳам М.Кабирӣ  беватан дар хориҷӣ кишвар пуштибонӣ аз Исломро шиори худ намуда,  мехоҳад таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар барад.

Мо тоҷикон ки мусулмон ҳастем ба хотири эмин нигоҳ доштани якпорчагии марзу буми Ватани хеш ва поку беолоиш нигоҳ доштани  дини муқаддаси Ислом дар пайравӣ  аз  мазҳаби ҳанафӣ бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем. Замину обу ҳавои Тоҷикистонро  бо дилу ҷон бояд қадр кунем. Танҳо дар  ҳамин замини аҷдодӣ мо худро чун дар  канори  беғурбати  модар эҳсос менамоем.

Шукр аз Худо мекунем, ки  бо гузашти ҳазорсолаҳо имрӯз соҳиби Ватани озоду  маҳбуби Тоҷикистони азиз ҳастем. Беватанӣ ин худ бадбахтӣ, бединиву бемазҳабист.

Биёяд накҳати бадбахтӣ аз гулзори бегона,

Чу хушбахтам, агар дар пояи хори Ватан мирам.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матуботи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg