БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи асосии Паём-ҷалби мардум ба корҳои ободониву бунёдкорӣ

А.ҶОМӢ. Дар асоси ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кӯчаи ба номи  Мӯсо Ҷалилови ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ  бо иштироки сокинон, алалхусус занону ҷавонони маҳал  вохӯриву суҳбатҳои  судманд доир карда шуд.

Дар ин чорабинӣ тӯйи суннатии хайриявии се нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа баргузор гардид.

Вохӯриву суҳбатҳои гурӯҳҳои таблиғотии ҳизбӣ  дар маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия   бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон, татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки  нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо бо иштироки  сокинони  маҳаллаҳои ҳудуди  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва оммавӣ идома доранд.

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg