ДӮСТӢ. Сокинони деҳаҳои Бадахшон, Маҳрами Ҳотам, А. Раҷабов ва Найсони Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятнок фаъолияти ҲХДТ, бахусус сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пардохти саривақтии ҳаққи хизмати он, самаранок ва омодагӣ барои кишти заминҳои наздиҳавлигию фермерӣ ва татбиқи Аксияи ҳизбии «Як рӯзӣ ёдоварӣ» бо намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрии судманд анҷом доданд.
Пас аз анҷоми суҳбати сарироҳӣ сокинон тасмим гирифтанд, ки баҳри ободонии деҳа, тоза намудани гирду атрофи оромгоҳ ва шинонидани ноҳолҳои сояафкану ороишӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Як рӯзи ёдоварӣ” дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.