ДӮСТӢ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Иттифоқ” вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимнан намояндагони ҳизбӣ ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла оид ба сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвории табиӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон андешаронӣ карда, иштирокдорон ба корҳои неку созанда раҳнамоӣ карданд. Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии мазкур дар бораи фаъолияти анҷомдодаи хеш дар соли 2020 дар назди ҳамагон ҳисобот дода, кайд кард, ки ташкилоти ибтидоӣ дар оянда низ дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ низ иштирок фаъолона карда, дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Инчунин, дар ин раванд моҳияти озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ!” ба дарки ҳамагон расонида шуда, ҷамъомадагон барои иштирок дар озмуни ҳизбӣ ҳидоят карда шуданд.