ВАХШ. Бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зафаробод”-и Ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия баргузор гардида, фаъолияти ташкилоти мазкур натиҷагирӣ карда шуд.
Зимни баргузории маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ барои фаъолияти кории соли 2020 шунида шуд.
Инчунин, аз ҷониби масъулин масъалаҳои ҷалби фаъолон ба сафи ҲХДТ, истифодаи сарфакоронаю оқилонаи қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ва пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ хуб арзёбӣ карда шуд.