Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2020 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардида истодааст.
Ин навбат дар ташкилоти ибтидоии «Байторӣ» маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид, ки дар рафти он раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи муффасал оид ба фаъолияти ташкилотро пешниҳод намуд.
Инчунин, дар маҷлиси мазкур вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, пешгирии бемории сирояти коронавирус, пурзӯр намудани тарғиботу ташвиқот дар самти пешгирии ҷавонон аз гумроҳшавӣ ва даст задан ба амалҳои ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба саъми иштирокдорон расонида шуд.
Инчунин, дар маҷлис шартҳои озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфкори барқ!” ба дарки иштирокдорон расонида шуд.