БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ" маҷлиси ҷамбастӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ    гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдулҳаев Умедҷон маҷлисро оғоз намуда, оид ба   иҷрои нақшаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2020, пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ,  татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ  ва маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” суханронӣ намуд.

Баъдан намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар маҷлиси ҳизбӣ иштирок доштанд, вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаришуда андешаронӣ карда, ҳисоботи  раиси ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ намуданд.

Инчунин, масъулин дар рафти суҳбат дар бораи  муҳтавои Муроҷиатномаҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати “Барқи Тоҷик” оид ба  сарфаҷӯёна истифода бурдани қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ва моҳияти  озмуни ҳизбии “Беҳтарин сарфакори барқ!” ҳарф зада, ҷамъомадагонро барои иштирок дар  озмуни ҳизбӣ раҳнамоӣӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg