ҶАЙҲУН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бениқоб набош” ва тарғибу ташвиқи муҳтавои Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик” бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои Спитамен ва Б. Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ доир гардид.
Зимни суҳбат масъулин доир ба пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ ва суст кардани паҳншавии вируси (COVID-19), ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба ин беморӣ доштан аст.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур масъулин ба сокинон доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирс ниқобҳои тиббӣ ва ҷиҳати сарфакорона истифода намудани қувваи барқ бошад, Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати “Барқи Тоҷик”-ро тақсимот намуданд.