ФАРХОР. Дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ба ҳисоб рафта, бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Аксияи ҳизбии “Ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!” намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор як нафар шахси ниёзманди ҷомеа Забирова Муборакхонро аёдат карда, ба номбурда кумаки яквақтаинаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, анвои нонию шириниҳо ва донагиҳо ва барои бе мушкилот баровардани фасли зимистон як миқдор сӯзишвории табииро расониданд.