ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сурхоб» маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.
Зимнан раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисоботи ҷамъбастии ташкилотро ироа намуда, нақшаи кориро барои нимсолаи аввали соли 2021-ро тасдиқ намуд. Сипас, дар навбати худ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар рафти маҷлис оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ва пешгирии бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, қайд карданд, ки истифодаи оқилонаи неруи барқ ба манфиати ҳамаи мо мебошад.
Ҳамзамон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб баромад намуда, таъкид карданд, ки ҳисоботҳо оид ба ҳаракати аъзо ҳар моҳ ва сари вақт ба Кумитаи иҷроия дастрас карда шавад.