БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм- падидаи хатарнок ба ҳаёти инсоният ва зуҳуроти хавфноку номатлуб дар ҷомеа

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «АДСИН» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ  оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр доир карда шуд.

Нахуст, Фарҳод  Обидов оид ба масъалаи ба миёнгузошташуда муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

Дар фарҷом мавсуф  таъкид намуд, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм натанҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст. Аз ин рӯ, месазад, ки пайваста дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон саҳмгузор бошем нагузорем, насли ояндасози миллат фирефтаи аҷнабиён шаванд. Чунки қисмати зиёди пайравони гурӯҳҳои ифротӣ ин ҷавонони гумроҳ мебошанд, ки дар  сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ қарор гирифта, ба ҳар гуна амалҳои номатлуб даст мезананд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg