БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии ҷомеа аз мафкураи солими он вобастагӣ дорад

ХУРОСОН. Дар толори маҷлисгоҳи идораи Барқи ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ноҳияи Хуросон Нуров Ҳасан  оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҷомеаи кишвар, ки аз 12.05.2018 бармеояд, вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони идораи об ва идораи роҳсозии ноҳия, ки зиёда аз 65 нафарро ташкил медод, иштирок доштанд.

Зимнан Саидзода Раҳмон ва Нуров Ҳасан нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва дигар мавзӯъҳое, ки аз суханронии Пешвои миллат бармеоянд, суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба сарҷамъиву якдилӣ, дастгирии сиёсати дурбинонаи Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват карданд.  

Баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои судманд  дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон идома доранд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg