
ДӮСТӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҶТ» вохӯрии судманд баргузор намуда, ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ карданд.
Зимни суҳбат масъулин оид ба муҳтавои Муроҷиатномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати "Барқи Тоҷик" дар бораи сарфакорона истифода намудани неруи барқ, пардохти саривақтии маблағи он, истифодаи сӯзишвории табиӣ, ҳезум, ангишт, брикет ва гази моеъ андешаронӣ карда, ҳамагонро барои татбиқи амалҳои созанда роҳнамоӣ карданд.
Ҳамзамон, озмуни ҳизбии «Беҳтарин сарфакорӣ барқ» аз тарафи масъулин мавриди баррасӣ қарор гирифта, сокинон барои иштирок даъват гардиданд.