ВАХШ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш доир ба ҷамъбасти фаъолияти солона дар соли сипаригардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КДФ-БММҒ»” маҷлиси ҳизбӣ доир карданд.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ Раҷабиён Исломиддин ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ибрози андеша намуда, қайд кард, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли сипаригардида дар тамоми чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳм гузоштааст. Сипас, масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дида баромада шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Инчунин, раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба истифодаи самараноки қувваи барқ ва пешгирии бемории сироятии “КОВИД-19” суханронӣ намуда, аз аъзои ташкилот даъват ба амал овард, ки истифодаи оқилонаи неруи барқро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, баҳри сарфаи оқилонаи он дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.