БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон қишри созандаву бунёдкор ва ояндасози Ватан ҳастанд

ҲАМАДОНӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и  ноҳия бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бо мақсади тарғибу ташвиқи варзиш, оммавигардонии он ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусобиқаи варзишии волейбол байни ҷавондухтарони синфҳои болоӣ ва давидан дар масофаи 100 метр байни ҷавонписарон гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи валейбол ҷавондухтарони гурӯҳи «Шараф» ғолиби мусобиқа дониста шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  сарфароз гардонида шуданд. Чунин мусобиқаву бозиҳои шавқовари варзишӣ дар ҳама муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ байни наврасону ҷавонон идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg