ВОСЕЪ. Дар доираи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” «Боғчаи №2» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва аъзои маҷлис доир гардида, дар он ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида баррасӣ карда шуд.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Офтобак” Қурбонова Гулизор оид ба рӯзномаи маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ҳисобот дода, нақшаи кории ташкилот барои соли 2021 тасдиқ ва баррасӣ карда шуд.
Дар идома масъулини ҳизбӣ аз иштирокдорони маҷлис даъват ба амал оварданд, ки неруи барқро сарфакорона истифода намуда, дар озмуни “Беҳтарин сарфакори неруи барқ” иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гарданд.