ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Саховати ҷамоати деҳоти Зафар мулоқот баргузор намуданд.
Дар ин вохӯрӣ мовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҷамъомадагон баромад намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ буда, сиёсаташро дар самти созандагию бунёдкорӣ ва татбиқи ҳадафҳои барномавию стратегии давлату Ҳукумат амалӣ намуда истодааст.
Мо масъулин тасмим гирифтем, ки бо тамоми сокинони ҳудуди ноҳия вохӯрию мулоқот доир намоем.
Сипас, сокинонро аз хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз дар ҷаҳон ташкилотҳои террористиву экстремистии зиёд ҳастанд, ки мехоҳанд маруми ноогаҳро ба самти худ ҷалб намуда, онҳоро ба майдонҳои ҷанг ба Суряву Ироқ ва Афғонистон фиристанд. Мо ҳама аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон огаҳ ҳастем, ки моро фирефта намуданд, пас мо бояд аз гузаштаи худ ибрат бигирем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Ҳамчунин, оид ба мақсад ва моҳияти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ибрози ақида намуда, иброз дошт, ки пешрафти ҳар як ҷомеъа ба қонун ва санадҳои дурусти қабулнамудаи он кишвар вобастагӣ дорад. Воқеъан ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», яке аз қонунҳои миллие мебошад, ки ба пешрафти ҷомеъаи шаҳрвандӣ мусоидат ва мардумро роҳнамоӣ мекунад, ки ба сарфакорию сариштакорӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи оила рӯ биоранду он маблағҳое, ки ба харҷи гузаронидани маъракаҳои серхарҷу даб-дабанок ва расму оинҳои нолозим равона мешуданд барои беҳтар кардани сатҳи зиндагиашон ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон истифода баранд.