ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “ Ҷомбахт”-и деҳаи Ҷомбахт, Шехмизон маҷлисҳои ҳисоботӣ гузаронида шуд.
Аъзои ҲХДТ баъди баромади раисони ташкилотҳои ибтидоӣ Абдуллоев Азизулло, Шокирова Шаҳзода ва Сироҷов Ғолибшоҳ ба музокира баромада, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таклифу пешниҳодҳои муфид намуданд.
Аз ҷумла, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷомбахт” Шариф Ақбердиев таклиф намуд, ки таҷрибаивазкунии раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамин тавр ҳамаи маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фоидабахш анҷом пазируфтанд.