ФАРХОР. Маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Ватан” баргузор гардида, дар он се масъала мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якум раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати деҳоти Ватан” Неъматов Рустам дар назди ҳамагон ҳисобот дода, қарорҳои дохлдоро қабул намуданд. Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис бошад намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар бораи ҳаракати аъзои ҳизб, мақсаднок истифодабарии қувваи барқ, пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифодаи он пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ баромад намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ карданд.