ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Ҷамоати «Шаҳраки Панҷ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Зимнан раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳусейнзода Ҷобир оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли 2020 суханронӣ карда, иброз дошт, ки соли сипаригардида барои ҳизбиён соли дастовардҳо ва таърихӣ буда, аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботҳои вакилон ва Президентӣ ширкати фаъолона доштанд.
Сипас, Файзизода Каримҷон аз ҳар як аъзои ташкилоти ибтидоӣ барои саҳм гузоштан дар чорабиниҳои ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ арзи спос намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро дар соли сипаришуда қаноатбахш ҳисобид.