ПАНҶ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обаки шаҳрак» дар соли 2020 доир гардид.
Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии худ барои соли 2020 ҳисобот дод.
Сипас, масъулини Кумитаи иҷроия дар навбати худ оид ба фаъолияти густурдаи ҲХДТ, ки зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” амал менамояд, ибрози андеша карда, доир ба камбудиҳои ҷойдоштаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ба шахсони муттасадӣ маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ҳисоботи солонаи раиси ташкилоти ибтидоӣ қаноатбахш дониста шуд.