ҶАЙҲУН. Дар доираи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии об» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоимурод маҷлис доир гардид.
Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии об » Сафолов Бахтиёр оид ба рӯзномаи маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2020 ҳисобот дода, баъдан доир ба масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Дар охир аз Ҳасанзода Тағоймурод раиси Кумитаи иҷроия барои фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли сипаришуда изҳори миннатдорӣ баён карда, раиси ташкилоти ибтидоиро барои татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун сарфароз гардонид.