ДӮСТӢ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 маҷлиси ҷамбастии ташкилоти ибттидоии ҳизбии “Ҷиликӯл” доир гардид, ки дар рафти он раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Н. Ӯзбеков доир ба фаъолияти ташкилот дар соли сипаригардида ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд.
Инчунин, дар маҷлиси мазкур сарфакорона истифода бурдани барқ, самаранок кишт намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва фермерӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмара мавриди баррасӣ қарор дода шуда, иштирокдорон ба амалҳои созанда раҳнамоӣ гардиданд.